🚀 Версияи нави дастёри «Раса Вижен» нашр шуд!
Интизорӣ ба анҷом расид! ✨
Версияи нави дастёри «Раса Вижен» бо имкониятҳои нав ва беҳбудиҳои бештар аз ҳамин ҳоло дастрас аст.
Дар ин версия шумо метавонед аз имкониятҳои зерин истифода баред:
🔕 «Халал нарасонед» — муайян кардани фосилаи вақт барои хомӯш будани Раса
⏰ Хондани даврӣ — эълони соат ва сана дар фосилаҳои вақти интихобшуда
🎧 Табдили матн ба садо — табдили файлҳои матнии TXT, DOCX ва PDF то ҳадди 100 ҳазор аломат (тақрибан 34 саҳифа бо ҳуруфи андозаи 13 ва тақрибан 40 то 50 саҳифа бо ҳуруфи андозаи 14) ба файли садоии MP3
📩 Танзими хондани паёмакҳо — имкони интихоб кардани хондан ё нахондани матни паёмак
📷 Камераи гӯёи пешрафта — бо имкониятҳои нав, аз ҷумла чароғак, сабт ва шинохти чеҳра
🌐 Дастгирии забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва англисӣ
🎁 Ва як хабари махсус: 15 рӯзи обунаи ройгони «Раса Вижен»!
Аз ин версия муҳлати озмоишии ройгони «Раса Вижен» аз 3 рӯз ба 15 рӯз зиёд карда шудааст.
🆕 Агар то ҳол дар дастёри «Раса Вижен» ҳисоб надошта бошед, пас аз сабти ном 15 рӯзи обунаи озмоишии ройгон мегиред.
🧡 Барои ҳамроҳони пешинаи Раса низ имконияти махсусе пешбинӣ шудааст:
Агар шумо қаблан дар «Раса Вижен» сабти ном карда, ҳисоби корбарӣ дошта бошед, вале то ҳол обуна нахарида бошед, мо барои ҳисоби шумо низ 15 рӯзи обунаи ройгон фаъол мекунем, то версияи нав ва имкониятҳои тозаи Расаро таҷриба кунед.
📥 Версияи нави дастёри «Раса Вижен»-ро аз сомона зеркашӣ кунед:
https://msgata.com/downloads/RasaVision_Last.apk
⚠️ Нуктаи муҳим пас аз насб
Пас аз насб ва роҳандозии версияи нав, ҳатман ба менюи сехатта ворид шуда, имконоти **«Навсозӣ»**-ро интихоб кунед.
Иҷрои ин қадам зарур аст, то луғат ва вожаҳои Раса пурра навсозӣ шаванд. ✅
Дастёри «Раса Вижен» ҳамоно дар ҳоли рушд аст ва фикру пешниҳодҳои шумо қисми муҳими роҳи беҳтар шудани он мебошанд. 🧡
Версияи навро насб кунед ва имкониятҳои тозаи Расаро таҷриба намоед.
8.9M حجم رسانه بالاست
مشاهده در ایتا
🎧 تبدیل متن به صدا در رسا ویژن
با قابلیت «تبدیل متن به صدا» میتوانید فایلهای TXT، DOCX و PDF متنی را تا سقف ۱۰۰ هزار کاراکتر وارد رسا ویژن کنید، متن را بشنوید و آن را به فایل صوتی MP3 تبدیل و ذخیره کنید.
🎥 در این ویدیو، عملکرد این قابلیت را به زبان فارسی مشاهده میکنید.
اگر فکر میکنید این امکان برای دوستان یا آشنایانتان کاربردی است، این ویدیو را برایشان ارسال کنید. 🧡
11.5M حجم رسانه بالاست
مشاهده در ایتا
🎧 Табдили матн ба садо дар Rasa Vision
Бо имконияти «Табдили матн ба садо» шумо метавонед файлҳои TXT, DOCX ва PDF-и матнӣ-ро то 100 000 аломат ба Rasa Vision ворид кунед, матнро гӯш кунед ва онро ба файли аудиоии MP3 табдил дода, захира намоед.
🎥 Дар ин видео кори ин имкониятро бо забони тоҷикӣ мебинед ва мешунавед.
Агар фикр кунед, ки ин имконият барои дӯст ё шиноси шумо муфид аст, ин видеоро ба ӯ фиристед. 🇹🇯🧡