ترجمه پیام رهبر انقلاب به حجاج بیت الله الحرام
#تاجیکی
#حج
Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳоҷиёни ҳаҷи ۲۰۲۴
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد لله ربّ العالمین و الصّلاة و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین
Оҳанги дилнвози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон, маҷзуби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанавеи мардумиро падид оварда ва густараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии Исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст.
Иҷтимои азим ва маносики печидаи ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад, барои мусулмон қуввати қалбу сарчашмаи итминон аст ва барои душману бадхоҳ ҳаросангез ва пурҳайбат.
Ҷои тааҷҷуб нест агар душманону бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи ҳаҷро омоҷи тахрибу тардид созанд; чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фуру костан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ.
Қуръон ҳаҷро мазҳари убудият ва зикру хушӯъ, мазҳари каромати яксони инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракату ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалии миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.
Тадаббур дар оёти марбут ба ҳаҷ ва тааммул дар аъмолу маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи ҳаҷ ба мо нишон медиҳад.
Шумо бародару хоҳари ҳаҷгузор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқу маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали худро ба он наздику наздиктар кунед ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғотии арзишманду ҳақиқии сафари ҳаҷи шумост.
Имсол масаълаи бароат барҷастатар аз гузашта аст. Фаҷоеи Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва густохии режими бераҳму мазҳари қасовату шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнӣ, ҷои ҳеҷ гуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фард ва ҳизбу давлат ва фирқаи мусулмон боқӣ нагузошта аст. Бароати имсол бояд фаротар аз мавсиму миқоти ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин, дар ҳама ҷои ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгузорон ба оҳоди мардум тасаррӣ ёбад.
Ин бароат аз режими саҳюнист ва ҳомиёнаш ба хусус давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодон танг кунад.
Муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабуру мазлуми Ғазза, ки шикваи сабру муқовиматашон, ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водошта аст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд.
Аз Худованд барои онон пирӯзии комилу сареъ хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам, ҳаҷи мақбул масъалат мекунам. Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ (Рӯҳӣ фидоҳу) пуштибони шумо бод.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
۴ зилҳиҷҷаи ۱۴۴۵ ҳ.қ.
۲۲ хурдоди ۱۴۰۳ ҳ.ш.
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر
#جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔
http://eitaa.com/newsmiu