روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹پیام رهبر انقلاب به حجاج بیتالله الحرام+ترجمه ▫️حضرت آیتالله خامنهای رهبر معظم انقلاب اسلامی در
ترجمه پیام رهبر انقلاب به حجاج بیت الله الحرام #تاجیکی
#حج
Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳоҷиёни ҳаҷи ۲۰۲۴
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد لله ربّ العالمین و الصّلاة و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین
Оҳанги дилнвози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон, маҷзуби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанавеи мардумиро падид оварда ва густараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии Исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст.
Иҷтимои азим ва маносики печидаи ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад, барои мусулмон қуввати қалбу сарчашмаи итминон аст ва барои душману бадхоҳ ҳаросангез ва пурҳайбат.
Ҷои тааҷҷуб нест агар душманону бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи ҳаҷро омоҷи тахрибу тардид созанд; чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фуру костан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ.
Қуръон ҳаҷро мазҳари убудият ва зикру хушӯъ, мазҳари каромати яксони инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракату ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалии миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.
Тадаббур дар оёти марбут ба ҳаҷ ва тааммул дар аъмолу маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи ҳаҷ ба мо нишон медиҳад.
Шумо бародару хоҳари ҳаҷгузор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқу маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали худро ба он наздику наздиктар кунед ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғотии арзишманду ҳақиқии сафари ҳаҷи шумост.
Имсол масаълаи бароат барҷастатар аз гузашта аст. Фаҷоеи Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва густохии режими бераҳму мазҳари қасовату шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнӣ, ҷои ҳеҷ гуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фард ва ҳизбу давлат ва фирқаи мусулмон боқӣ нагузошта аст. Бароати имсол бояд фаротар аз мавсиму миқоти ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин, дар ҳама ҷои ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгузорон ба оҳоди мардум тасаррӣ ёбад.
Ин бароат аз режими саҳюнист ва ҳомиёнаш ба хусус давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодон танг кунад.
Муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабуру мазлуми Ғазза, ки шикваи сабру муқовиматашон, ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водошта аст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд.
Аз Худованд барои онон пирӯзии комилу сареъ хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам, ҳаҷи мақбул масъалат мекунам. Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ (Рӯҳӣ фидоҳу) пуштибони шумо бод.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
۴ зилҳиҷҷаи ۱۴۴۵ ҳ.қ.
۲۲ хурдоди ۱۴۰۳ ҳ.ш.
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر #جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔http://eitaa.com/newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹 پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان ▫️جامعة المصطفی به مناسبت شهادت سید مقاومت، سید حسن نصرالل
🔰 #ترجمه پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان به زبان #تاجیکی
Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон
مِّنَ المُؤمِنِينَ رِجَالࣱ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُوا اللَّهَ عَلَيه فَمِنهُم مَّن قَضَىٰ نَحبَهُ وَ مِنهُم مَّن يَنتَظِرُ وَ مَا بَدَّلُواْ تَبدِيلا
“Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он чи бо Худо бар он паймон бастаанд, содиқона монданд; ва аз онҳо касест, ки аҳди худро ба поён расонида [ва шаҳид шуда] аст; ва аз онҳо касест, ки дар интизор аст; ва ҳеҷ тағйире [дар паймони худ] надодаанд.” (Сураи Аҳзоб, ояти ۲۳).
Хабари ҷонсӯзи шаҳодати пешвои шуҷоъ ва муъмин, муҷоҳиди солеҳу басир, сайиди муқовимат, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, қалби ҳамаи озодагону адолатхоҳон ва ба вижа дилдодагони ҷабҳаи муқовиматро ҷареҳадор сохт.
Муҷоҳиди хастагинопазире, ки умри шарифи худро дар роҳи рушду пешрафти муқовимати исломӣ, мубориза бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ва пуштибонӣ аз мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон сарф кард ва пас аз солҳо мубориза, ба орзӯи деринаи худ расид ва ба сӯи ёрони шаҳиди худ шитофт.
Меҳвари муқовимат аз рӯзи нахуст то ҳол ҳазинаҳои фаровонеро дар роҳи озодии Қудси шариф ва берун рондани ишғолгарони палид аз минтақа додааст; аммо чунин иттифоқҳои талх, натанҳо сабаби таваққуфи муҷоҳидони роҳи Худо нахоҳад шуд, балки бо кумак аз Худованди Мутаол ва дар натиҷаи хуни шаҳидони муқовимат, роҳи ин фармондеҳони бузург бо суръати бештаре то озодии Фаластин ва нобудии режими саҳюнистӣ идома хоҳад ёфт.
Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия шаҳодати ин муҷоҳиди бузургро ба пешгоҳи Имом Маҳдӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳон ва размандагони муқовимати исломӣ, миллатҳои мусулмон ба вижа миллати қаҳрамони Лубнон ва Фаластин ва хонаводаи ин шаҳиди бузург табрик ва таслият арз намуда ва бори дигар эълон медорад, ки ҷиноятҳои режими золими саҳюнистӣ ба зудӣ домангири ин режими ҷаълию сохтагӣ ва нопок мешавад ва ба иродаи Худованд ва пуштибонии ҳамаи озодагони ҷаҳон ва муҷоҳидатҳои меҳвари муқовимат ва дар раъси онҳо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ин мавҷуди палид ва хунхор нобуд хоҳад шуд.
Ҷомет-ул-Мустафо Ал-Оламия
۷/۰۷/۱۴۰۳
۲۸/۰۹/۲۰۲۴
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر #جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔@newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد قهرمان، فرمانده «یحیی السنوار» ▫️حضرت آیتالله خامنهای
🔰 #ترجمه پیام رهبر انقلاب اسلامی به زبان #تاجیکی:
Паёми имом Хоманаӣ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон ва фармондеҳ «Яҳё Синвор»
Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим
Миллатҳои мусулмон! Ҷавонони ғаюри минтақа!
Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст.
Ӯ чеҳраи дурахшони муқовимату муҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мутаҷовиз истод; бо тадбиру шуҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт ва он гоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард.
Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосибу золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодат шоистаи ӯ нест. Фиқдони ӯ барои ҷабҳаи муқовимат, албатта, дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шақоқӣ, Рентисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изни Аллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд.
Мо чун ҳамеша, дар канори муҷоҳидону муборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқи мин Аллоҳ ва авниҳи.
Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабили Аллоҳ, табрик ва фиқдонашро таслият мегӯям.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
۲۸/۰۷/۱۴۰۳ ҳ.ш.
۱۹/۱۰/۲۰۲۴
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر #جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔@newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹بیانیه جامعةالمصطفی به مناسبت چهل و ششمین سالگرد پیروزی انقلاب اسلامی ▫️به مناسبت فرارسیدن چهل و ش
🔰 ترجمه بیانیه جامعةالمصطفی به مناسبت چهل و ششمین سالگرد پیروزی انقلاب اسلامی به زبان #تاجیکی
Паёми Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия ба муносибати даҳаи фаҷри инқилоби исломии Эрон
Алҳамду лиллоҳи раббил оламин вассалоту вассалому ало Сайидино ва Набийино Муҳаммадин ва Олиҳит тайибинат тоҳирин
Имрӯз дар чиҳилу шашумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломии Эрон, ки ба баракати хуни поки шаҳидон ва муҷоҳидатҳои мухлисонаи уммати Ҳизбуллоҳ ба самар нишастааст, миллати боғайрату бедори Эрон, ин иди бузургро бо сарафрозӣ ва ифтихор гиромӣ медорад. Инқилоби исломӣ, ки бо раҳбарии ҳакимона ва илоҳии ҳазрати Имом Хумайнӣ (рҳ) ва бо такя бар имон ва ваҳдати калимаи миллати Эрон ба пирӯзӣ расид, натанҳо дар таърихи Эрон, балки дар саросари ҷаҳони Ислом таҳаввули бузург эҷод кард. Ин инқилоб, парчами мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ва дифоъ аз мустазъафону мазлумонро барафрошт ва роҳи наве пеши рӯи уммати исломӣ гушуд.
Ин солгарди муборак бо рӯзҳо ва идҳои пурбаркати моҳи Шаъбон, валодати фархундаи сарвари шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусейн (а), валодат ҳазрати Абӯлфзли Аббос (а), парчамдори вафо ва исор, валодати ҳазрати имом Саҷҷод (а), усваи сабру ибодат ва ҳамчунин милоди босаодати ҳазрати Маҳдӣ (а), мунҷии мавъуди башарият, ҳамзамон гаштааст. Ин мусодиф шудани маънавӣ, ёдовари ваъдаи илоҳӣ дар пирӯзии ҳақ бар ботил ва истиқрори адолати ҷаҳонӣ аст.
Дар ин рӯзҳои пурбаркт, шоҳиди пирӯзиҳои дурахшони ҷабҳаи муқовимати исломӣ ва мардуми қаҳрамони Фаластин дар баробари таҷовузҳо ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва ҳимоятгарони ин режими хунхор ҳам ҳастем; ин пирӯзиҳо, ки бо илҳом аз қиёми Ошӯро ва рӯҳияи исору шаҳодатталабии имом Ҳусейн(а) ва ёрони бовфои ишон ба даст омадааст, нишонаи ошкор аз эътилои Исломи азиз ва азми росихи уммати мусулмон дар муқобила бо зулму ситам аст.
Миллати шарифи Эрон бо иқтидо ба сираи имомони маъсум(а) ва бо пайравӣ аз мактаби шаҳидон, ҳамвора дар хатти муқаддами дифоъ аз арзишҳои исломӣ ва ҳимоят аз мазлумони ҷаҳон, ба вижа мардуми мазлуми Фаластин истодааст. Мо бар ин бовар ҳастем, ки бо истионат аз Худованди Мутаол ва тамассук ба Қуръони Карим ва аҳли байт(а), роҳи ҷиҳоду муқовимат, танҳо роҳи наҷоти башарият аз чанголи истикбор ва зулм аст.
Дар ин айёми пурхайру баракат, аз Худованди Мутаол талаб мекунем, ки миллати Эронро дар ҳифзи дастовардҳои инқилоби исломӣ, пайравӣ аз роҳнамоиҳои ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ва идомаи роҳи шаҳидон то фароҳам шудани заминаи зуҳури ҳазрати Маҳдӣ(а) собитқадам бидорад ва ба уммати исломӣ, иззат, ваҳдат ва пирӯзии ниҳоӣ иноят фармояд, ин шоа Аллоҳ.
Вассалому ало ибодиллоҳис солеҳин.
Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия
Даҳаи фаҷри пирӯзии инқилоби исломӣ, баҳмани ۱۴۰۳ ҳ.ш
🔰 مشاهده متن خبر
https://news.miu.ac.ir/?p=35916
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر #جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔@newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔷دعوت جامعةالمصطفی از ملت غیور ایران برای حضور باشکوه در راهپیمایی ۲۲ بهمن ▫️متن بیانیه به این شرح
ترجمه #بیانیه دعوت جامعةالمصطفی از ملت غیور ایران برای حضور باشکوه در راهپیمایی ۲۲ بهمن به زبان #تاجیکی
Даъвати Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия аз миллати шарифи Эрон барои ҳузури бошукӯҳ дар роҳпаймоии 22-и баҳман
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Явмуллоҳи 22-и баҳман, ёдовари нусрату мадади илоҳӣ ва пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломии Эрон, сароғози таҳаввули азим дар таърихи муосир, нури умед бар дили мустазъафони ҷаҳон, нуқтаи атфе дар эҳёи арзишҳои Исломи ноби Муҳаммадӣ (с), истиқлоли миллӣ ва ҳокимияти мардум бар сарнавишти хеш аст.
Ҳоло пас аз гузашти чиҳилу шаш сол аз он ҳамосаи ҷовидон, Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия зимни гиромидошти ин явмуллоҳ ва таҷдиди мисоқу паймон бо ормонҳои Имом Хумайнӣ (рҳ) ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ва ҳимояти комил аз суханони ҳакимонаи ишон, ба вижа баёноти ҷомеъ ва хирадмандонааш дар дидор бо фармондеҳон ва кормандони неруи ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таъкид бар лузуми ҳифзи рӯйкарди оқилона, ҳушмандона ва шарофатмандона дар дастгоҳи сиёсии кишвар ва тазаккур ба масъулони кишвар барои ибрат гирифтан аз таҷрибаҳои пешин ва бефоида будани музокира бо Амрикои паймоншикан, аз умуми миллати шарифи Эрон, бахусус ҷомеаи илмӣ ва фарҳангӣ даъват менамояд, то бо ҳузури пуршӯру огоҳонаи худ дар роҳпаймоии бошукӯҳи явмуллоҳи 22-и баҳман, бори дигар ваҳдату ҳамдилии хешро ба намоиш гузоранд ва ҳимояти қотеи худро аз низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, иззат ва шарофати миллӣ ва фармоишоти раҳбари ҳакими инқилоби исломӣ ба намоиш гузоранд.
Бетардид ҳузури ҳамосии миллати боғайрат дар ин арса, натанҳо таҷдиди паймон бо ормонҳои Имом Хумайнӣ (рҳ) ва раҳбарӣ, балки посухе дандоншикан ба тавтеаҳо ва хаёлбофиҳои душманону ҷоҳилон ва нишондиҳандаи азму иродаи росиху мустаҳками онон дар дифоъ аз арзишҳо ва дастовардҳои инқилоби шукӯҳманди исломӣ хоҳад буд.
Донишпажӯҳон, муаллимону устодон ва кормандони Ҷомеат-ул-Мустафо дар канори қишрҳои мухталифи мардуми бузурги Эрон, бори дигар бо ҳузури пуршӯр дар ин роҳпаймоии бошукӯҳ ва ваҳдатофарин эълон менамоянд, ки бо имони устувор ва иттиҳоди калима, дар дифоъ аз арзишҳои исломӣ ва инқилобии худ то пойи ҷон истодаанд.
Аз Худованди Мутаол талаб менамоем, ки миллати Эронро дар масири таҳаққуқи ормонҳои волои инқилоби исломӣ ва тамаддуни навини исломӣ ва дар доираи таваҷҷуҳи имом Маҳдӣ ва раҳбарии ҳакимонаи мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳамвора пирӯз ва сарбаланд гардонад.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия
🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر #جامعةالمصطفی|برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید
👇👇👇
🆔@newsmiu