روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹 پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان ▫️جامعة المصطفی به مناسبت شهادت سید مقاومت، سید حسن نصرالل
🔰 پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان به زبان Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон مِّنَ المُؤمِنِينَ رِجَالࣱ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُوا اللَّهَ عَلَيه فَمِنهُم مَّن قَضَىٰ نَحبَهُ وَ مِنهُم مَّن يَنتَظِرُ وَ مَا بَدَّلُواْ تَبدِيلا “Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он чи бо Худо бар он паймон бастаанд, содиқона монданд; ва аз онҳо касест, ки аҳди худро ба поён расонида [ва шаҳид шуда] аст; ва аз онҳо касест, ки дар интизор аст; ва ҳеҷ тағйире [дар паймони худ] надодаанд.” (Сураи Аҳзоб, ояти ۲۳). Хабари ҷонсӯзи шаҳодати пешвои шуҷоъ ва муъмин, муҷоҳиди солеҳу басир, сайиди муқовимат, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, қалби ҳамаи озодагону адолатхоҳон ва ба вижа дилдодагони ҷабҳаи муқовиматро ҷареҳадор сохт. Муҷоҳиди хастагинопазире, ки умри шарифи худро дар роҳи рушду пешрафти муқовимати исломӣ, мубориза бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ва пуштибонӣ аз мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон сарф кард ва пас аз солҳо мубориза, ба орзӯи деринаи худ расид ва ба сӯи ёрони шаҳиди худ шитофт. Меҳвари муқовимат аз рӯзи нахуст то ҳол ҳазинаҳои фаровонеро дар роҳи озодии Қудси шариф ва берун рондани ишғолгарони палид аз минтақа додааст; аммо чунин иттифоқҳои талх, натанҳо сабаби таваққуфи муҷоҳидони роҳи Худо нахоҳад шуд, балки бо кумак аз Худованди Мутаол ва дар натиҷаи хуни шаҳидони муқовимат, роҳи ин фармондеҳони бузург бо суръати бештаре то озодии Фаластин ва нобудии режими саҳюнистӣ идома хоҳад ёфт. Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия шаҳодати ин муҷоҳиди бузургро ба пешгоҳи Имом Маҳдӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳон ва размандагони муқовимати исломӣ, миллатҳои мусулмон ба вижа миллати қаҳрамони Лубнон ва Фаластин ва хонаводаи ин шаҳиди бузург табрик ва таслият арз намуда ва бори дигар эълон медорад, ки ҷиноятҳои режими золими саҳюнистӣ ба зудӣ домангири ин режими ҷаълию сохтагӣ ва нопок мешавад ва ба иродаи Худованд ва пуштибонии ҳамаи озодагони ҷаҳон ва муҷоҳидатҳои меҳвари муқовимат ва дар раъси онҳо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ин мавҷуди палид ва хунхор нобуд хоҳад шуд. Ҷомет-ул-Мустафо Ал-Оламия ۷/۰۷/۱۴۰۳ ۲۸/۰۹/۲۰۲۴ 🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر |برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید 👇👇👇 🆔@newsmiu