روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد قهرمان، فرمانده «یحیی السنوار» ▫️حضرت آیت‌الله خامنه‌ای
🔰 پیام رهبر انقلاب اسلامی به زبان : Паёми имом Хоманаӣ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон ва фармондеҳ «Яҳё Синвор» Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим Миллатҳои мусулмон! Ҷавонони ғаюри минтақа! Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст. Ӯ чеҳраи дурахшони муқовимату муҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мутаҷовиз истод; бо тадбиру шуҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт ва он гоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард. Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосибу золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодат шоистаи ӯ нест. Фиқдони ӯ барои ҷабҳаи муқовимат, албатта, дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шақоқӣ, Рентисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изни Аллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд. Мо чун ҳамеша, дар канори муҷоҳидону муборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқи мин Аллоҳ ва авниҳи. Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабили Аллоҳ, табрик ва фиқдонашро таслият мегӯям. Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин Сайид Алии Хоманаӣ ۲۸/۰۷/۱۴۰۳ ҳ.ш. ۱۹/۱۰/۲۰۲۴ 🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر |برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید 👇👇👇 🆔@newsmiu